Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 30 март ба масъалаи қабули тағйирот ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, нуқта гузошт.
Зимни баррасии лоиҳаи қонун вакилон тасмим гирифтанд, ки танҳо қисматеро тағйир медиҳанд, ки дар он дар бораи бо пешниҳоди мақомоти прокуратура боздошта шудани фаъолияти ВАО ба муддати се моҳ аз ҷониби Вазорати фарҳанг, ки ин ВАО-ро ба қайд гирифтааст, сухан меравад.
Тибқи варианти аз ҷониби вакилон тасдиқшуда, қарор дар бораи боздошта шудани фаъолияти ВАО-ро на Вазорати фарҳанг, балки судҳо қабул карда метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи рӯзи 3 феврали соли равон дар парлумон атрофи ин тағйирот баҳсҳои зидду нақиз сурат гирифтанд. Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дархост кард, ки яке аз журналистони дар иҷлосия ҳузурдошта интихоб шуда, андешаи ҳамтоёни худро дар бораи тағйироти нав баён намояд.
Журналистон хабарнигори АИ «Азия-Плюс» Аваз Юлдошевро интихоб намуда, ӯ зимни суханрониаш изҳор намуд, ки сарфи назар аз шакли моликият ба ВАО, журналистони машғули фаъолият дар онҳо ҳамеша ба ҷонибдории сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон, шукуфоии Ватан ва беҳбуди некӯаҳволии мардум мавод дарҷ мекунанд.
«Мо на камтар аз як мансабдор Тоҷикистонро дӯст медорем, - изҳор дошт ӯ. - Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон озодии баён дар ВАО-и ҷумҳурӣ аст».
Юлдошев таъкид дошт, ки мушкилоти асосӣ миёни ҷомеа рӯзноманигорон зимни баррасии тағйирот ба қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки «ҳеҷ касе мушаххасан намефаҳмид, ки дар бораи чӣ сухан меравад». «Дар Вазорати фарҳанг ин тағйирот хеле махфӣ омода гардида, боиси пайдо шудани ҳар гуна овозаҳо шуданд», - афзуд ӯ.
Дар натиҷа лоиҳаи тағйирот ба таҳиву коркарди дубора фиристода шуд. Комиссияи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки баъзе аз истилоҳот дар ин лоиҳаи қонунро мувофиқа намуда, ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.
Қобили зикр аст, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон - Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» рӯзи 1 феврал изҳороте мунташир сохтанд , ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор шуд.
Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таҳрири охирин 19 марти соли 2013 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, вале дар он тартиби манъи фаъолияти ВАО муайян нашуда буд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста