Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аъзои Шӯрои ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодушда ба қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»-ро низ баррасӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, зимни мусоҳиба ба «Азия-Плюс» роҳбари Кумитаи парлумон оид ба сохтмон ва худидоракунии маҳаллӣ вакил Абдураҳим Холиқзода дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқии рӯзи 22 май бармеоянд, ки мутобиқи он Пешвои миллат, сарвари амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати бемаҳдуд президенти Тоҷикистон интихоб шуда метавонад.
Ғайр аз ин, мувофиқи тағийроти қабулшуда ба Конститутсия, шаҳрванди ба синни 30-сола расидаи Тоҷикистон президент ва вакили парлумон интихоб шуда метавонад. Ин маҳдудиятҳои синнусолӣ қаблан мутаносибан 35 ва 25 солро ташкил медоданд.
Ба гуфтаи А.Холиқзода, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда низ ба бартараф сохтани чанде аз мухолифатҳои қонунҳои мазкур бо қонунҳои дигари ҷумҳурӣ равона гардидаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста