Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 январ дар маркази шаҳри Душанбе ба мавсими ниҳолшинонӣ дар кишвар ҳусни оғоз бахшид.
Дар баробари сарвари давлат дар ин маъракаи ниҳошинонӣ ҳамчунин аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, олимон, агрономҳо, кормандони дастгоҳи иҷроияи президент ва дигарон низ иштирок доштанд.
Бино ба маълуоти як манбаи «Азия-Плюс» дар мақомоти шаҳрдории пойтахт, давоми моҳҳои январ-феврал дар маркази пойтахт 38 без ниҳоли шоҳбулут (каштан), 62 бех ниҳоли магнолияи баргҳояш калон, 52 бех ниҳоли магнолияи «Гэлэкси», 20 ниҳоли олуи «Роял бургунди», 17 ниҳоли олуи «Писсарди», 96 ниҳоли олуи «Канзан», 8 ниҳоли секвойя ва 74 бех ниҳоли сарвинози ғарбии «Смарагд» шинонида мешаванд.