Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти Тоҷикистон тасмими таъини писараш ба мансаби раиси шаҳри Душанберо шарҳ дод.

Президент қайд кард, ки ин қарори қабулшуда аз ҷониби ӯ сатҳиву бемулоҳиза нест.

«Пеш аз ба роҳбарӣ гирифтани мақомоти шаҳрдории пойтахт Рустами Эмомалӣ дар сохторҳои ҷиддии давлатӣ таҷриба андӯхта, ғайр аз ин, пӯшида нест, ки дар ҷараёни ҳалли мушкилоти пайдошудаи шаҳр, аз ҷонибе ба ӯ таъсир расонида наметавонанд», - иброз дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ба писараш тавсия дод, ки ба мардуми оддӣ наздик бошад.

«Мардуми мо хеле хайроҳу меҳрубон аст ва барои онҳо на он қадр чизи зиёд - барқи доимӣ, нархҳои начадон баланд ва кори шоиста лозим буда, онҳоро бо ин чизҳо таъмин кун ва мардум туро дастгирӣ хоҳад кард, - гуфт сарвари давлат. - Ба мардум наздиктар бошу бо онҳо тез-тез вохӯриҳо барпо кун ва на дар чорабиниҳои пуршукӯҳу қасрҳо, балки ба хонаҳои онҳо раву бо коргару хизматчии оддӣ сари як дастархон бинишин ва бо ин амалат натанҳо меҳру самимияти онҳоро ба даст меорӣ, балки дарк хоҳӣ кард, ки мардуми оддӣ чӣ тавр зиндагонӣ мекунад».

Дар мулоқот бо фаъолони пойтахт президент вазъ дар бахшҳои муҳими хоҷагидории шаҳри Душанберо муфассал мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи соҳаҳои идоракунии шаҳр ва мусоидат ба таъмини рушди устувор дар ин соҳаҳо ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳо дод.