Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон расман раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Фармон дар ин бора рӯзи 4 апрели имсол содир шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, Маҷлиси вакилони халқи Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 18 апрели худ ин фармони нав дар бораи мақоми Рустами Эмомалӣ ва инчунин ваколаташ дар маҷлиси шаҳриро тасдиқ кунад.
Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот гузориш дода, ҷараёни иҷрои барномаи шаҳрдорӣ барои соли ҷавонон низ баррасӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта Рустами Эмомалӣ аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 25-и шаҳри Душанбе 84,81%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда, баранда эълон шуд.