Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии ноҳияҳои ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар шаҳри Хоруғ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситоди вилоятӣ ва ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, қайд кард, ки маълумоти омории онҳо аз ҳам тафовути зиёд доранд.
Зикр гардид, ки сарфи назар аз моҳи сентябр ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ барои харидории ангишт, имрӯз дар ВМКБ аз нақшаи пешбинишуда дар муассисаҳои соҳаи маориф - 84%, тандурустӣ - 68% ва фарҳанг - 85% ангишт захира шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, муовини сарвазир аз фаъолияти кормандони идораҳои истифодаи роҳҳои вилоят низ интиқод карда, изҳор дошт, ки то имрӯз онҳо ҳамагӣ 21% аз нақшаи пешбинишуда сӯзишворӣ захира кардаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд шуд, ки дар ВМКБ барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ ему хошок захира нагардида, дар ин робита муовини сарвазир дастур дод, ки то 15 октябр ин масъала ҳаллу фасл шавад.
Муовини сарвазир аз сатҳи рушди саноат дар ноҳияи Дарвоз қаноатмандӣ изҳор намуда, ба раисони ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим дастур дод, ки ҷиҳати рушди ин бахши иқтисод тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста