Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода пурсиданд, ки мушкили пулгирии амонатгузорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» кай дар ниҳояти кор ҳаллу фасл мешавад.
Ба қавли вакил Рустам Қудратов, интихобкунандагон ҳамеша ба намояндаҳои худ дар парлумон дар ин хусус савол медиҳанд.
Раиси Бонки миллӣ ба вакилон мушаххасан дар ин бора посух нагуфта, дар ҳамин ҳол таъкид дошт, ки ин мушкилот давра ба давра ҳал хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, танҳо тӯли 2 моҳи охир «Агроинвестбонк» ба амонатгузорони худ беш аз 61 млн. сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» - 54 млн. сомонӣ маблағҳояшонро баргардонидаанд.
«Ҳарду бонк бо амонатгузороне, ки дар суратҳисобҳояшон на бештар аз 500 доллар маблағ доштанд, пурра ҳисоббаробарӣ карданд», - қайд кард раиси Бонки миллӣ.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар даст дорад, айни замон бонкҳои зикршуда ба саҳмгузорони худ беш аз 1,5 млрд. сомонӣ пулҳояшонро пардохта, акнун баргардонидани наздики 1,3 млрд. сомонии дигар боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти раиси БМТ, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон аҳолии кишвар ба бонкҳо 470 млн. сомонӣ маблағ гузоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз камтар аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста