Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 январ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шуда, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Президенти мамлакат ва раиси пойтахт ҳамчунин бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Боғи кӯдакон ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз наздик ошно гардиданд.
Гуфта мешавад, Боғи кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта шуда, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешавад.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста