Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, минбаъд шаҳри Қӯрғонтеппа - Бохтар, шаҳри Сарбанд - Леваканд, ноҳияи Бохтар - Кӯшониён ва шаҳракаи Восеъ - Ҳулбук номида мешаванд.
Бино ба иттилдои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин номҳои деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ - ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон - ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон - ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон - ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.
Гуфта мешавад, ин қарори ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба - шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ - Калининобод) ба шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.
Шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Он дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400 нафар аҳолӣ сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.
Қӯрғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекон ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Қӯрғонтеппа солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.
Имрӯз шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар маҳсуб ёфта, дар он якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра фаъолият доранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста