Ояндаи наздик хориҷиён шояд ба ҷойи 3 рӯзи пешина муддати 10 рӯз худро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гузоранд.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон» оғоз намуд.
Ин тағйироту иловаҳо шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави кишвар ба таври назаррас беҳтар месозанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ 22 декабри соли гузашта баён гардиданд, омода шуда, мувофиқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.
Айни замон шаҳрвандони хориҷӣ ба нуқтаи таъинот омада, дар муддати 3 шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, шиносномаҳои хориҷии худро барои ба қайд гузоштан пешниҳод мекунанд.
Ҳаҷми ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои бақайдгирӣ ба муҳлати аз 3 то 10 рӯз - 25 доллар + 2 ҳазору 500 сомонӣ, аз 10 рӯз то 1 моҳ - 35 доллар + 2 ҳазору 500 сомонӣ маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад.
Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда баъди тасдиқ дар ҳарду палатаи парлумон ва имзои он аз ҷониби президент мавриди амал қарор мегиранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста