Субҳи имрӯз бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия парвоз намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ҳайати парлумонии мақоми олии қонунбарори Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 11 ва 14 марти соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.
Ба ҳайати мазкур Раҳимзода Шариф – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Маҷидзода Ҷурахон- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Салимзода Олим – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи ҷамияти ва иттилоот шомиланд.
Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД рӯзи 12 апрел доир гардида, дар он роҳбарон парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин ҳайатҳои парламентии нозирони назди АП СААД ва ташкилотҳои шарик ширкат меварзанд.
Ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки рӯзи 13 апрел баргузор мешавад, ба мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангии кишварҳои Иттиҳод: вазъ, дурнамо ва таъмини ҳуқуқӣ» бахшида мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста