Дар сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмон Носир - директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу - муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумат ва Қурбонзода Амирхон Файзулло – муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Президент Муминзода Бахтиёр Муминро фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин кард.
Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос таъин карда шуданд.
Пешниҳоди Президенти ҶТ дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
В России в 2025 году введут цифровой профиль мигранта
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Подорожание аренды недвижимости, новые правила для мигрантов и ТОП-15 самых читаемых статей «Азия-Плюс»
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 января 2025 года
Какими заболеваниями мы будем болеть в 2025 году?
В Кыргызстане принят закон о реабилитации жертв политических репрессий
На трассе в Казахстане столкнулись около 100 автомобилей
Президента Южной Кореи не смогли арестовать из-за сопротивления службы безопасности
В Таджикистане провели первую эндоваскулярную операцию на головном мозге
В Таджикистане с 1 января подорожала аренда недвижимости
В России вступают в силу ограничения на получение РВП и ВНЖ по браку
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста