Дар доираи сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз шаҳри Киото ва пойтахти ин кишвар – шаҳри Токио омада, дар Донишгоҳи Тсукуба бо роҳбари ин муассисаи таълимӣ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Донишгоҳи Тсукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар руйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон бошад, донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад.
Гуфта мешавад, Донишгоҳи Тсукуба дорои 9 факултаи риштаи бакалавр ва 10 факултаи риштаи магистратура, инчунин 7 барномаи докторантура буда, айни замон дар он наздики 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз он 2 ҳазору 500 нафарашонро донишҷуёни хориҷӣ ташкил медиҳад. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар аст. Донишгоҳи Тсукуба дар 12 кишвари дунё намояндагии худро дорад.
Донишгоҳи Тсукуба бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон робитаҳои хубу босамар дошта, то имрӯз байни Донишгоҳи Тсукуба ва Академияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Тсукуба инчунин бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Тоҷикистон робитаҳои хубу дӯстона барқарор кардааст.
Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба” сарфароз гардонида шуд.
Зимни суханронӣ назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯёни муассиса Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Тсукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ин муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсус таъкид намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста