Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳолияҳои ҷамъиятӣ” ҷонибдорӣ намуд.
Ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ минбаъд ба боз кардани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор шуданд. Дар ин сомона онҳо мунтазам бояд маълумотро дар бораи даромаду хароҷоти иттиҳодия нашр намоянд.
Илова бар ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, ҳисоботи молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муддати панҷ сол баъди нашри онҳо хориҷ кардан манъ мешавад.
Узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор намуд, ки ин тағйироту иловаҳо ба тақвияти мубориза бо пулшӯйӣ, ҳамчунин пешгирии маблағгузорӣ ба созмонҳои террористӣ ва ифротгаро нигаронида шудааст.
Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ” соли 2007 қабул шуда, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим мекунад.
Амали қонун ба ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии бо тартиби муқаррарӣ таъсисёфта, ба ҷуз иттиҳодияҳои ҷамъиятие (созмону ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва амали онҳо бо қонунҳои ҷудогона танзим мешаванд, дахл дорад.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста