Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ зимни ҷаласаи ҷамъбасти соли гузаштаи ҳукумат аз роҳбарони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк” дархост намуд, ки толорро тарк кунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар ҳукумати ҷумҳурӣ.
Баъди шунидани ҳисоботи раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва роҳбари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов дар бораи фаъолияти ниҳоди зертобеъашон дар соли 2018, Эмомалӣ Раҳмон ҳардуро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дархост намудааст, ки фавран толорро тарк намоянд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар маълумоти интишоршуда доир ба ҷаласаи мазкур мухтасар хабар медиҳад, ки ҳисоботи роҳбарони “Амонатбонк” ва ширкати “Тоҷик Эйр” шунида шуда, аммо дар бораи интиқоди шадиди президент нисбати Ҳакимзода ва Раҳимов ишора нашудааст.
Фармонҳои президент дар бораи аз мансаб сабукдӯш шудани Руҳулло Ҳакимзода ва Хайрулло Раҳимов алҳол нашр нашуда, лекин ин рафтори Сарвари давлат маънои онро дорад, ки роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр” аз курсиҳояшон маҳрум шуданд.
Ҳакимзода Руҳулло 13 майи соли 2015 бо фармони президент раиси БДА “Амонатбонк” таъин шуд. То ин таъинот ӯ ба ҳайси муовини аввали ин бонк фаъолият дошт.
Хайрулло Раҳимов санаи 27 январи соли 2016 ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопайоии “Тоҷик Эйр” таъин гардида буд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста