Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар ин зимн Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро иброз дошт.
Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар дафтари матбуоти президенти Қирғизистон зикр мегардад, ки зимни суҳбат Сооронбой Жеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеъбинонаи қазия ва минбаъд роҳ надодан ба чунин муноқишаҳо, ҳамчунин суръат бахшидан ба анҷоми гуфтушунидҳоро дар мавриди таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад таъкид намудаанд.
Замоне, ки сарони кишварҳо суҳбат мекарданд, боз як шаҳрванди Тоҷикистон – Рафоиддин Тешаеви 37-сола дар Ворух кушта шуд. Боз як нафари дигар – Ансориддин Ҳайдаров аз тири силоҳи оташфишон аз пояш захм гирифта, ду каси дигар, аз ҷумла як зан бо ҷароҳатҳо аз сангпартоӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муддати ду рӯз аст, ки идома дорад. Рӯзи 13 март сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва деҳаи Оқ-Сой ба ҳамдигар сангпартоӣ карда, бар асари он 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд.
Дар муноқишаи дигар дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ омӯзгори 43-сола Ҳусейн Ҳакимов ба ҳалокат расида, боз 4 нафари дигар бо захму ҷароҳатҳо дар бемористн бистарӣ шуданд. Аз тири силоҳи оташфишон нозири милитсия Саидшариф Авеззодаи 46-сола, сокинони ҷамоат Раҳим Аюбов ва Мақсадҷон Алимов захм гирифта, Абдулмаҷид Муллоҷонов аз зарбаи санг ҷароҳат бардошт.
Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд, ки боиси оғози низоъ дар ин минтақа гардид.
Дар изҳорот зикр гардид, ки мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Дар изҳорот ҳамчунин қайд шуд, ки ҳоло вазъ дар марзи Воруху Оқсой таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.
Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон низ зикр намуд, ки муноқиша бо сабаби оғози сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ сар зада, лекин дар ин изҳорот дар бораи гаравгонгирӣ ва ҳалокати як шаҳрвандони Тоҷикистон сухане гуфта нашуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста