Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони сохтори молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди “бозпурсӣ” қарор гирифт, аз мансаб барканор шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар вохӯрии зикршуда Эмомалӣ Раҳмон сардори терминали гумрукии “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабзодаро назди баландгӯяк хонда, ӯро дар дуруғгӯӣ муттаҳам кард:
“Ҳамаи дастурҳои Сарвари давлат базудӣ иҷро мешаванд”, - чунин шарҳ доданд супориши президентро дар хадамоти матбуот, ки пас аз гуфтугӯ бо Раҷабзода ба ӯ хабар дод, ки аз кор озод шудааст.
Аммо дар бораи кадом сол ба кор омадан ва чанд муддат фаъолият доштани Шаҳбоз Раҷабзода дар Хадамоти гумрук маълумот дода нашуд.
Рӯзҳои истироҳат навори гуфтугӯи президент бо гумрукчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифта, корбарони Facebook аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки Шаҳбоз Раҷабзода ҷазо нагирифта, осонакак аз кор озод шуду халос.
Васоити ахбори умум аз баъзе ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Шаҳбоз Раҷабзода хабар доданд. Ӯ писари Музаффар Раҷабов, гӯё табиби оилаи президент будааст.
Ба идораи “Азия-Плюс” дақиқан маълум шуд, ки Музаффар Раҷабов сардухтури Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил аст. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ӯ аз шарҳи қазияи бо писараш рухдода худдорӣ варзид.
“Ман аз корҳои ӯ бехабарам. Коре, ки нисбати ӯ шуд. Дар ин бора гап задан намехоҳам”, - изҳор намуд Музаффар Раҷабов ба хабарнигори “Азия-Плюс” тариқи телефон ва зуд гӯширо хомӯш кард.
Тибқи маълумоти ВАО, дар як фурсати кӯтоҳ Шаҳбоз Раҷабзода аз унвони лейтенанти оддӣ то ба рутбаи подполковник боло рафтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста