Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва Созмони байналмилалии сайёҳӣ (СБС)-и СММ дар Шоҳигарии Испания намояндагони нави Тоҷикистон таъин шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин карда шуд.
Бо фармони дигари сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии СММ дар Шоҳигарии Испания таъин гардид.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ - ташкилоти байнидавлатии иқтисодии минтақавӣ ба шумор рафта, онро соли 1985 Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.
Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста