Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди Олии Тоҷикистон Аҳтам Акрамовро бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан аз вазифааш озод кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент Шавкат Лутфуллозодаро, ки қаблан дар вазифаи судяи Суди олӣ кор мекард, ба вазифаи муовини раиси Суди олии Тоҷикистон таъин намуд.
Ҳамчунин бо фармони Сарвари давлат, Хусрав Давлатзода ва Рухшона Ҳаким судяҳои Суди олии Тоҷикистон таъин шуданд. То ин таъинот Рухшона Ҳаким вазифаи судяи Суди шаҳри Душанберо ишғол мекард.
Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Абдусалом Раҳимзода, Нарзулло Маликзода ва Каъбатулло Меликзода муовинони раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуданд.
Полковники гвардия Исматулло Одиназода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шуд.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон таъин карда шуд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста