Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” 800 млн сомонӣ (ҳудуди 78 млн доллар) маблағи иловагӣ равона карда шавад.
Дар қарори рӯзи 2 феврал дар ин маврид қабулшудаи ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ин маблағ аз ҷониби Вазорати молия аз ҳисоби Фонди стабилизатсионӣ (муътадилсозӣ)-и рушди иқтисод ҷудо кард мешавад.
“Вазорати молия пардохти маблағҳои иловагии ҷудогардидаро дар доираи нақшаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявии соли 2023, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" пешбинӣ гардидааст, танзим намояд”, - дастур дода мешавад дар қарор.
ҶСК "НБО Роғун" вазифадор мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молия ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
Нимаи моҳи декабри соли гузашта ҳукумат дастур дода буд, ки аз ҳисоби Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” 150 млн сомонӣ равона гардад.
Ҷудо кардани маблағ он замон “танзими нақшаи маблағгузорӣ ба ҶСК “НБО РОған” дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022” маънидод шуда буд.
То ин дам 11 ноябри соли 2022 ҳукумат бо қарори худ дастур дода буд, ки аз ҳисоби Фонди дар боло зикршуда сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” ба маблағи 200 млн сомонӣ (ҳудуди 20 млн доллар) пурра карда шавад.
Ғайр аз ин, як моҳ пеш ҳукумат ҷиҳати ҷалби маблағҳои Бонки милии кишвар дар ҳаҷми 1 млрд сомонӣ барои маблағгузорӣ ба Комплекси сӯзишворӣ ва энергетикӣ розигии парлумонро гирифта буд.
Баъдтар маълум шуд, ки ин маблағҳо барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” равона шудаанд.
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷалби сармояи созмонҳои байнулмилалии молиявӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳо мегузаронад.
Ба иттилои Вазорат, айни замон барои амалисозии пурра лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ лозим аст.
Президенти кишвар охири моҳи декабр зимни ироаи паёми худ ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои анҷоми корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона шудааст.
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста