Як вакили парлумони Тоҷикистон аз камбудиҳо дар иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, бархе аз вазорату идораҳо камбудиҳое, ки дар хулосаҳои мақомоти назоратии молиявӣ дарҷ гардидаанд, ба назар намегиранд, ки сол аз сол такрор меёбад.
Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши иқтисод ва молия рӯзи 2-юми ноябр дар ҳузури вакилон, ки иҷрои қонуни “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023”-ро дар 9 моҳи соли 2023 таҳлил карданд, норозигӣ намудааст, ки ҳарчанд дар 9 моҳ қисми даромади буҷет иҷро шуд, вале “ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд”.
Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон менависад, ки ин вакили парлумон нигаронӣ кардааст, ки бархе аз вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои тавсияҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар хулосаҳои мақомоти назоратии молиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба назар намегиранд, ки “дар натиҷа камбудию норасоиҳои ҷойдошта сол аз сол такрор ёфта истодааст”.
“Маълумоти пешниҳодгардидаи мақомоти назорати молиявӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти аудити дохилӣ ва назорати дохили идоравии баъзе аз вазорату идораҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надорад ва ин аст, ки ҳамасола маблағу воситаҳои давлатӣ, махсусан маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва самаранок истифода намешаванд”,- изҳор доштааст Маҳмадалӣ Қурбонзода.
Ин вакили парлумон иттилоъ додааст, ки дар 9 моҳ ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб ба 90 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,3 дарсад баробар гардидааст.
Афзоиши ММД дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 8,2 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7, 9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 16,5, хизматрасонии пулакӣ 5,5, мусофиркашонӣ — 9,8 ва гардиши савдо 12 дарсад афзудааст.
“Хароҷоти буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 28,6 млрд. сомонӣ (90,4 фоизи нақша)-ро ташкил дод. Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 101,6 фоиз таъмин ва ба буҷети давлатӣ 30,5 млрд. сомонӣ ворид гардида, барзиёдии воридоти маблағ нисбат ба нақша 485,3 млн. сомониро ташкил дод”, - гуфтааст ӯ.
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста