Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар 8 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4%-ро ташкил дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар зиёд шуданд.
“Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президент зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии ҳукумат сатҳи камбизоатӣ аз 31,3%- соли 2015 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
“Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70%-и ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90% иҷро намудааст”, - таъкид дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа сарвари давлат ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи санадҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор ва Низомномаи Шурои миллии рушд дастуру супоришҳо дод.
Президент ҳамчунин ба зарурати таҳияи омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, гузоштани замина ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2026-2030 ишора намуд.
Ба шарикони рушд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Вслед за Насиром Хусравом за чудесами древней инженерии Востока
Президент открыл современный Учебный центр ГКНБ в Хатлоне
Трамп назвал больными всех, кто считает его другом России
В Душанбе задержали фармацевта за незаконную продажу психотропных препаратов
Как искусственный интеллект адаптируется под авторынок?
Медведев призвал «заканчивать» с приемом в школы детей мигрантов без русского языка
Таджикская журналистка и Европейский Союз в Таджикистане запустили экологическую кампанию #OzmuniSabz2024
Улучшится ли положение мигрантов в России после «протеста» таджикских чиновников?
Милиция Душанбе выявила десятки случаев продажи детям алкоголя и сигарет
Германия закроет все генконсульства Ирана после казни в этой стране немецкого гражданина
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста