Дар Тоҷикистон боз як шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) таъсис дода мешавад. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод.
Дар ҷашни Рӯзи дониш президент бинои нави мактаби №19-и шаҳри Душанберо боз намуда, назди омӯзгорону толибилмон суханронӣ кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, мактаб аз 4 ошёна иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Роҳбари давлат зимни шиносоӣ аз раванди таҳсил ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технология насли хушбахти даврони истиқлол бояд донишманду босавод бошанд ва барои рушди Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар бораи мактабҳо
Президент изҳор намуд, ки имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, имрӯз дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад. Соли ҷорӣ 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудааст.
Тайи солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонандагон мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар соли ҷорӣ барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда шуд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор нафар хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдак босуръат идома дорад.
“Ин рақамҳо барои роҳбарони вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бояд намунаи ибрат бошанд, омӯзанд, дар ин самт корро мисли пойтахти мамлакат ҷиддӣ ташкил кунанд”, - таъкид дошт сарвари давлат.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
“Аммо корҳои то имрӯз амалигардида, бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд ва моро зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшем”, - гуфт президент.
Ҳанӯз дар кишвар 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад ва дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
“Мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки барои вусъат бахшидан ба корҳои сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ тадбирҳои таъҷилӣ андешанд.
Дар бораи кӯдакистонҳо
Соли ҷорӣ шумори муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон ба 720 адад расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд. Боз дар пойтахт 55 муассисаи томактабӣ барои 11,5 ҳазор нафар кӯдакон мавриди сохтмон қарор дорад.
“Вале ин ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси кишвар ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад”, - ишора намуд президент.
Тибқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025», бояд ҳар сол дар кишвар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ беш аз 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Ғайр аз ин, дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ то соли 2027 бояд 264 кӯдакистони хусусӣ сохта шавад.
“Вале то имрӯз аз 68 шаҳру ноҳия ҳамагӣ дар 34 шаҳру ноҳия 82 муассисаи томактабӣ сохта шудааст. Ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани барнома сабаби асосии чунин вазъ мебошад. Зарур аст, ки иҷрои нақша бо ҷалби имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша, фаъолон ва аҳолӣ таъмин карда шавад”, - илова намуд сарвари давлат.
Ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар ин давра то ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар бораи рақамикунонии соҳаи маориф
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот 20-уми марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» қабул гардид. Ҳамчунин, соли 2022 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ карда шуд.
“Солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳа корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Яъне имрӯз соҳаи маориф ва илми кишвар аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст”, изҳор дошт сарвари давлат.
Ба Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии омӯзгорон дар самти технологияҳои замонавӣ, яъне амалисозии пурраи ҳадафҳои консепсияи зикршударо таъмин намояд.
Дар бораи таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд ва 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.
“Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад. Бинобар ин, дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!”, - даъват кард Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон.
Норасоии китобҳои дарсӣ ва озмоишгоҳҳо
Президент таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад.
“Тайи се соли охир 203 номгӯйи китобҳои дарсӣ, хусусан, аз фанҳои адабиёт, таърих ва ҳуқуқ аз ҷониби мутахассисон ва коршиносон аз ташхиси илмӣ гузаронида шуда, дар онҳо далелҳое, ки ба меъёру арзишҳои Конститутсия ва ҷаҳонбинии илмӣ мутобиқат надоранд, ошкор гардидаанд. Вале тибқи маълумот аз 203 номгӯйи китоби ташхисшуда 82 номгӯйи онҳо то имрӯз ислоҳ ва бознашр нашудааст”, - изҳори нигаронӣ кард сарвари давлат.
Ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар муддати ду сол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин карда, барои дар оянда бо адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешад ва доир ба иҷрои супориш ба Роҳбари давлат ҳисобот пешниҳод намояд.
Президент зикр кард, ки тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таълим ҳамгироии назария ва амалия бояд ба роҳ монда, донишҳои назариявии хонандагон тавассути гузаронидани корҳои амалӣ (озмоишгоҳӣ) мустаҳкам карда шаванд, аммо шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то ба ҳол бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва устохонаҳои таълимӣ таъмин нестанд.
Зикр шуд, ки барои ҳалли ин масъала соли 2021 «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» қабул гардидааст, вале иҷрои он аз ҷониби масъулин дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ба ин сабаб заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мутобиқат намекунад.
“Масалан, агар ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе 96,3 фоиз иҷро шуда бошад, пас он дар вилоятҳои Суғд ҳамагӣ 73, Хатлон 48, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29 ва ВМКБ 7 фоизро ташкил додааст, ки ниҳоят ташвишовар мебошад”, - иброз дошт президент.
Ба ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки бо ҷалби имкониятҳои иловагии молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда чораҷӯйӣ намуда, ин масъала бояд дар давоми ду соли оянда пурра бартараф карда шавад.
Дар бораи таҳсилоти касбии ҷавонон
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар кишвар танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
“Соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани ин қишри аҳолӣ ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумо ва махсусан, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад”, - гуфт президент.
Ҳоло дар кишвар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад.
Инчунин, дар 39 маркази касбомӯзии калонсолони назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 46 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд. Ин шумора хеле кам мебошад, зеро дар муассисаҳои зикршуда ба таълим фаро гирифтани садҳо ҳазор нафар имкон дорад.
Дар бораи мактабҳои олӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор
Айни замон шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон ба 47 адад расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд. Соли 1991 мо ҳамагӣ 13 мактаби олӣ доштем, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард.
Ба замми ин, ҳоло дар кишвари мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Русия - Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд.
“Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд. Танҳо дар Русия аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд”, - илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Президент зикр кард, ки имрӯз беш аз 130 ҳазор омӯзгорон фарзандони мардумро таълиму тарбия дода истодаанд, ки зиёда аз 71 фоизи онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Дар даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ бо даҳҳо кафедра, қариб 500 номзад ва доктори илмҳои педагогӣ фаъолият доранд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст ва омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.
Дар фарҷом ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.