Тоҷикистон дар соли 2024 дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор кишварҳо шарикии мутақобилан судманд ба роҳ монд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барои кор дар хориҷи кишвар роҳҳои нави шуғлро ҷустуҷӯ кунанд.
«Яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат фароҳам овардани имкониятҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои гуногун мебошад», – зикр кард ӯ.
Холмаҳмадзода таъкид кард, ки соли гузашта Вазорат дар соҳаи меҳнат бо 15 кишвар 41 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонд. Дар байни онҳо – Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҷопон ва Корея қарор доранд.
Ба кори ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Соли 2024 Вазорат 12 тарҳи нави созишномаҳои ҳамкориро бо Русия ва минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон, инчунин бо Гурҷистон, Лаҳистон, Сербия, Белгия, Британияи Кабир, Корея, Ҷопон, Қатар, Кувайт ва Арабистони Саудӣ таҳия намуд. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳбуди шароити кор ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчунин изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятнок беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад. Дар ин замина барои бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои хориҷӣ корҳо идома доранд.
Вазир инчунин ба аҳаммияти мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда, ташкили механизмҳо барои омодагии касбии онҳо ва омӯзиши ихтисосҳои нав таваҷҷуҳ намуд, ки ба баланд шудани рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат имкон медиҳад.
Ба иттилои Холмаҳмадзода, айни замон дар марказҳои таълимии калонсолон кадрҳое омода мешаванд, ки дар Ҷопон, Корея ва Кувайт кор хоҳанд кард. Ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба қувваи кории хориҷӣ талаботи махсус дорад, пеш аз ҳама ба сатҳи тахассус ва донистани забон. Пас аз анҷоми курсҳо ва супоридани имтиҳонҳо, хатмкардагон метавонанд барои кор ба ин кишварҳо сафар кунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста