Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонгуфт, ки сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.
“Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад”, - гуфт сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.
Зикр шуд, ки вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимӣ, сатҳи баланди маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.
Президент ҳамчунин ба масъалаи вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки ин ҳолат вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.
“Дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи 23 феврали соли равон дар Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла парад (гузашт)-и ҳарбӣ ва фестивалҳои дӯстии афсарон баргузор шуд.





«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Шерали Кабир: «ChatGPT заменил мне ассистента»
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Жесткий лимит в 4 кВт, атака афганских боевиков и как Центральная Азия воду поделила
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста