Бинобар сабаби хурӯҷи бемории вабо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз 19-уми август Тоҷикистон посгоҳҳои назорати равуо дар самти Бадахшонро баст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, бо тавсияи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз ин тадбир кор гирифта шудааст.
«Се гузаргоҳи воқеъ дар ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ва Хоруғи марзи Тоҷикистон ба муҳлати номуайян баста шуданд», - зикр кард Раҳматуллоев.
Бино ба маълумоти расонаҳои хзабарӣ бо такя ба ҳукуматдорони афғон, дар вилояти Бадахшони минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ҳудуди 1,5 ҳазор нафар ба бемории вабо мубтало гардидаанд. Ба бемористони маркази маъмурии вилоят – шаҳри Файзобод дар ҳолати вазнин 36 нафар гирифторони ин беморӣ оварда шудаанд, ки миёни онҳо як духтари 18-сола фавтидааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи табибон ба минтақаҳои хурӯҷи беморӣ сафарбар шуда, сокинон бо дорувории тиббии зарурӣ таъмин карда мешаванд. Барои пешгирии ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба ин беморӣ, ҳукуматдорони вилоят қарор кардаанд, ки оби нӯшокиро аз дигар минтақаҳо оранд.
Бино ба маълумоти Агентии байнулмилалии рушди ИМА, ҳамагӣ 12%-и сокинони деҳоти Афғонистон ба оби тозаву хушсифати нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Муҳлати миёнаи дарозии умр дар Афғонистон нисбат ба дигар кишварҳо хеле кӯтоҳ буда, 50 солро ташкил медиҳад. Як сабаби ин рушди хеле заъифи низоми тандурустӣ дар ин кишвари ҳамсоя аст.
Коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт иттилоъ медиҳанд, ки ҳарчанд вабо бемории хеле хатарноки марговар бошад ҳам, ҳангоми муолиҷаи зуд ва дуруст метавон аз он шифо ёфт.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста