Дар шаҳри Екатеринбурги Русия шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Суҳроб Холов боздошт шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла роҳзаниву ғоратгарӣ (бандитизм) гумонбар медонанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Сведловск, дар доираи амалиёти фавриву пешгирии «Ҷустуҷӯ» кормандони шуъбаи Интерполи ин мақомот Суҳроб Холовро боздошт намудаанд, ки тибқи дархости Тоҷикистон дар пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор дошта, дар ташкил ва иштирок дар ҳамлаҳои мусаллахона дар қаламрави Тоҷикистон айбдор карда мешавад. Ӯ дар манзили зисташ, ки ҳамроҳ бо оилааш зиндагӣ мекардааст, боздошт шудааст.
«Дар давраи аз соли 1996 то соли 2005 Холов дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша тахти сарварии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба «Мулло Абдулло» дар амалҳои мусаллаҳонаи ҷинояткоронаи ғасби амвол ва воситаҳои пулии шаҳрвандон иштирок доштааст, - таъкид мегардад дар маълумот. - Ҳамин тариқ, 18 июли соли 1996 ӯ дар қаламрави Тоҷикистон ба манзили як сокини маҳаллӣ ҳуҷум карда, Холов бо автомати Калашников соҳибхонаро захмӣ месозад ва амволу маблағи пулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА-ро ғоратгарони мусаллаҳ бо автомашинаи «КАМАЗ» бо худ мебаранд».
Дар маълумот зикр мегардад, ки 10 марти соли гузашта прокуратураи шаҳри Роғун нисбати Суҳроб Холов мутобиқи моддаҳои 186, қ 2 (Бандитизм, иштирок дар гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он), моддаи 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Бино ба маълуомти Интерпол, боздоштшуда қаблан аз ҷониби суди Ржевски вилояти Свердловск барои сохтакории ҳуҷчатҳо маҳкум шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Холов ба ҳабс гирифта шуда, муҳлати истирдоди ӯ ба ватан мувофиқа мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста