Телевизиони давлатии Ӯзбекистон эълон кардааст, ки додгоҳии ҳарбии ин кишвар як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо такя ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар як филми мустанад, ки шаби 4 апрел дар телевизиони давлатии Ӯзбекистон пахш шудааст, зикр гардидааст, ки ин мард аз авохири солҳои навади асри гузашта маълумоти арзишманд, аз ҷумла дар мавриди қисмҳои низомӣ дар ҷануби Ӯзбекистонро дар ихтиёри хадамоти маъсуси Тоҷикистон гузоштааст.
Ин навор "Хиёнаткор" ном дошта, дақиқ нагуфтааст, ки мурофиа кай ва дар куҷо сурат гирифтааст, аммо ба гуфтаи манбаъ, айдоршуда Шарифҷон Асроров, ки як марди миёнсол мебошад, дар ин навори телевизионӣ ба иттиҳомоти мазкур, "эътироф" кардааст.
Тибқи ин гузориш, Асроров бо ҳадамоти махсуси Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда ва дар мавриди мавқеи зиндонҳо дар Ӯзбекистон ва ҳамчунин қисмҳои низомӣ ва васоили мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Бухоро маълумот ироа мекардааст. Тибқи ин гузориш, Асроров бо як шаҳрванди Тоҷикистон оила барпо кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди ин иддаои ҷониби Узбакистон, вокунише нишон надодаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста