Дар рейтинги глобалии навшудаи иқтидори низомӣ ( Global Firepower – 2016 ), ки тибқи маълумоти Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ)-и ИМА аз сарчашмаҳои кушод таҳия гардидааст, миёни 126 кишвари ҷаҳон артиши Тоҷикистон зинаи 112-ум ( рейтинги соли гузашта - зинаи 116-ум)-ро ишғол мекунад.
Дар рейтинг Global Firepower (GFP) қайд мекунад, ки тайи солҳои ахир дар артиши Тоҷикистон тагйироти назаррасе сурат нагирифтааст. Артиши Тоҷикистон дорои 37 танк, 46 мошинҳои зиреҳпӯш, 25 ҳавопаймои низомӣ, 4 ҳавопаймо барои тамрин, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи зарбазан мебошад.
Таҳиягарони рейтинг буҷети артиши Тоҷикистонро 75 млн. доллари ИМА ва шумори хизматчиёни артишро 6 ҳазор нафар арзёбӣ кардаанд.
Мувофиқи рейтинги нав, аз рӯи иқтидор артиши Тоҷикистон заифтарин дар паҳнои пасошӯравӣ аст. Миёни кишварҳои собиқи иттиҳоди Шӯравӣ Русия пешсаф аст, ки баъди артиши ИМА зинаи дуюмро ишғол мекунад.
Аз рӯи иқтидор артиши Украина дар зинаи - 30-юм, Ӯзбекистон - 48, Беларус - 49, Қазоқистон - 53, Озарбойҷон - 60, Гурҷистон - 80, Туркманистон - 86, Арманистон - 94, Литва - 97, Латвия - 103, Эстония - 109 ва Қирғизистон дар мақоми 110-ум ҷойгир шудаанд.
Дар қатори артишҳои ИМА ва Русия Қувваҳои мусаллаҳи Чин низ ба сегонаи пешсафон шомил аст. Дар даҳгонаи беҳтарин артишҳои ҷаҳон аз рӯи иқтидор айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон ва Италия низ қарор доранд.
Артишҳои заифтарини ҷаҳон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (зинаи 126-ум), Сомали, Намибия ва Панама дониста шудаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста