- Пешвои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ Абӯбакр ал-Бағдодӣ бар асари зарбаҳои ҳавоии эътилофи низомии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии ИМА кушта шуд, - хабар медиҳанд васоити ахбори умум бо такя ба маълумоти газетаи бритониёии Mirror .
Бо истинод ба агентии Amag нашрия итттилоъ медиҳад , ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ дар мавзеи назди шаҳри Раққаи Сурия кушта шудааст. Манбаъи дигар иттилоъ медиҳад, ки ӯ дар Мосули Ироқ ба ҳалокат расидааст.
Намояндаи сохторҳои қудратии Ироқ бидуни ифшои ному насаб изҳор доштааст, ки қатораи автомашинаҳои пешвои «Давлати исломӣ» дар роҳ ба самти Карбало, ки дар он ҷо бояд вохӯрии роҳбарони гурӯҳ доир мегардид, мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.
Шабакаи телевизионии «Ас-Сумария»-и Ироқ дар ин робита хабар додааст, ки бар асари зарбаҳои ҳавоӣ дар мавзеи назди марзи Ироқ ва Туркия Абӯбакр ал-Бағдодӣ ва чанде аз афроди гирду атрофи ӯ захмӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ пас аз қатли пешви собиқи гурӯҳ Абӯ Умар ал-Бағдодӣ (апрели оли 2010) 16 майи соли 2010 созмони террористии «Давлати ислоӣ»-ро ба роҳбарӣ гирифт. Васоити ахбори умум Абӯбакр ал-Бағдодиро «вориси ҳақиқии Усома бин Лодан» унвон карда, ӯ бо тундгароӣ ва бераҳмии худ маъруф аст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста