Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ Саад Эморатиро ба қатл расониданд.
Бино ба иттилои Lenta.ru бо истинод ба BBC News, зимни ин рейд қариб 120 нафар аз аъзои гурӯҳи террористӣ кушта шудаанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Эморатӣ яке аз фармондеҳони бонуфуз буда, нахустин шуда ба пешвои «Толибон» хиёнат ва ба раҳбарияти Давлати исломӣ савганди садоқат ёд кардааст. Гуфта мешавад, марги ӯ ба имконоти фаврии гурӯҳ дар кишвар бояд монеъа ҷиддӣ пеш гузорад.
Зикр мегардад, ки ба ҷуз кушта шудани даҳҳо террористон, нерӯҳои ҳукумат қаламрави таҳти тасарруфи ҷангиён дар ҳавзаи Котро озод намудаанд. Ин рейдҳо посух ба амали террористии чанлде қабл дар Кобул рухдода арзёбӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВАО, рӯзи 23 июл миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанги шаҳри Кобул ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста