Шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов, ки бар асари ҳамла дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел маҷрӯҳ шуда буд, аз чашми росташ маҳрум шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти русии «Би-би-си» , барои ин муҳоҷири корӣ ҷиҳати ҳифзи майнаи сар боз як ҷарроҳӣ оид ба гузоштани пластинаи металлӣ зарур аст.
Наздикони Сулаймон Саидов хабар додаанд, ки барои ҷарроҳии кандани чашм бо шумули тайёр кардан ва гузоштани узви сунъӣ (протез) 60 ҳазор рубл пардохт намуда, хароҷоти ҷарроҳиро Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ ба дӯш гирифтааст, ки дарҳол баъди ҳамла барои муолиҷаи Саидов ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ карда буд.
«Маблағи ҷарроҳии дуюм 164 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Моро лозим аст, ки ин маблағро дарёбем. Мо қариб дигар ба хонаҳоямон пул намефиристем, ҳарчанд ба Русия барои пулкоркунӣ омадаем. Ҳозир ба иллати буҳрон кор ёфтан душвор аст. Оилаву наздиконамон кӯшиш доранд, ки мустақилона барои рӯзгузаронӣ пул ёбанд», - гуфтаанд дӯстони ҷабрдида.
Ёдрас мекунем, ки санаи 8 апрел дар вагони метрои шаҳри Маскав миёни сокини шаҳр Сергей Сарёв ва шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов муноқиша сар зада, дар ҷараёни он сокини маҳаллӣ бо таппончаи зарбазан (травматический) ба сӯи Саидов якчанд маротиба тир парронд. Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи «суиқасд ба куштор» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста