Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибн Муборак ал-Муҳаннадӣ дидору гуфтушунид намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир ибрози андеша намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни мулоқот ҳамчунин лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки баимзорасии лоиҳаи Созишномаи мазкур ин пеш аз ҳама баҳри тақвият ёфтани ҳамкориҳо ва равобити дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи давлати Қатар муфид буда, он муҳим арзёбӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният ба наздикӣ ба имзо хоҳад расид.