Субҳи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя ҳуҷум карда, дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аз рӯзи 29 апрел то имрӯз 7 тан аз захмиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон барои бозпасгирии маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, ба шиддат идома дорад.
Гуфта мешавад, бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст.
Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, барои назорати марз ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд. Раиси ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ҳоло ин гурӯҳҳо 13 то 15 километр аз марзи Тоҷикистон дуртар шудаанд.
Бошандагони ноҳияи Зебок изҳор доштаанд, ки агар ин минтақаро Толибон ҳифз кунанд, ба осонӣ метавонанд ба Покистон рафтуомад кунанд ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Бадахшонро низ таҳдид намоянд. Вулусволии стратегии Зебок аз як тараф бо Читроли Покистон ва аз тарафи дигар бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.
Қобили зикр аст, ки вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшон қарор дошта ва аз тариқи роҳи Шоҳ Салим бо Читроли Покистон марз дошта бо вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ сарҳад дорад. Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.