Шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат намекунанд ва байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст.
«Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ ва муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуданд ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд», - омадааст дарм аълумоти Сарраёсат.
Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқбар, 21 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш”, 2 адад яроқи оташфишони АКМ бо 10 адад тирдону 235 дона тири 7,62 ва 2 адад норинҷак бозёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.