Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд Ӯзбекистон сафар карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Абдураҳмон Аламшозода бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов дидору гуфтушунид анҷом дод.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки баъди даргузашти президенти аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бисёр соҳаҳо ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ оварданд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста