Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА генерал-лейтенант Майкл Гарретт рӯзи 16 август бо сафари якрӯза ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз соъхторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин нахустин сафари фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши ИМА ба Тоҷикистон буда, дар Душанбе генерали амрикоӣ бо намояндагони Вазорати мудофиа ва Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикиситон дидору гуфтушунид мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳо намояндагони ИМА ва Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, таҳкими посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон ва мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки охири соли гузашта Майкл Гарретт бори нахуст аз Қазоқистону Ӯзбекистон боздид намуда, сафар ба Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкории сатҳи баланд бо ҳукумат ва Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар соҳаи амният сурат гирифта буд.
Дар Қазоқистон, тибқи маълумоти Tengrinews , сари ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҷараёни таҳияи нақшаи панҷсола (солҳои 2018-2022)-и ҳамкорӣ дар самтҳои тибби саҳроии ҳарбӣ, тайёр кардани ҳайати шахсии воҳидҳои минатозакун ва муҳандисӣ, таҳкими имконоти сулҳофаринии нерӯҳои низомии Қазоқистон ва масъалаҳои умумии амнияти минтақавӣ сухан рафта буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста