Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмоназ натиҷаи кори 25-солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.
Ҳамзамон дар мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста