Дар ду размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави Қазоқистон имрӯз тамрини нерӯҳои посдорони сулҳи Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир - 2017" ("Нерушимое братство-2017") оғоз шуд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз қавли Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, “дар ин размоиш ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат доранд”.
Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон як взводи махсуси қушунҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад. Созмондиҳандагони размоиш мегӯянд, дар ҷараёни он маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.
Дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Белорус ва Русия ширкат мекунанд ва интизор меравад, ки ҳайати раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон дар марҳалаи поёнии он ширкат намоянд.
Бино ба иттилои дабирхонаи СПАД, барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви он сурат мегирад. Созмони СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шудааст солгарди худро баргузор кард ва ҳоло 6 кишвар - Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста