Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 ноябр дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ҷаласа ҳамчунин сарони кишварҳои Русия Владимир Путин, Арманистон - Серж Саргсян, Беларус - Александр Лукашенко, Қирғизистон - Сооронбой Жеенбеков ва Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

Гуфта мешавад, нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои аъзои СААД баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷалб карда, иброз дошт, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар назди мо вазифаҳои навро мегузорад.
Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмон ҷалб намуд.
Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки Нақшаи амалигардонии Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли ду ҳазору бисту панҷ ва қарорҳои имрӯз қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмон ҳиссагузор хоҳад буд.
Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15-солагии таъсисёбии СААД қабул гардид.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста