«Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд ва сарҳадбонон бо реҷаи муқаррарӣ марзро посбонӣ мекунанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, «гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳад бо Афғонистонро касе набаста, ҳама мисли пешин аст ва ҳамчунин пулҳо низ тариқи дарёи Панҷ баста нашудаанд, ки дар бора чанде аз ВАО хабар доданд».
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ кардааст.
Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, ки “пулу гузаргоҳҳои марзӣ бо далелҳои амниятӣ муваққатан баста шуд”.
Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, талош доранд, то ҷониби Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳанд, ки марзро боз намояд.
“Фаъол будани пулҳо, фаъол будани бозорҳо бисёр муҳиму ҳаётӣ барои мост. Мо роҳи хуб бо марказ надорем. Бахусус дар ин шабу рӯз ва барфбориҳо роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Аз ин рӯ, тамоми маводи ғизоӣ аз самти Тоҷикистон ворид мешавад”, - илова кардааст ӯ.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста