Маросими ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо санаи 19 декабр дар яке аз қисмҳои ҳарбии артиши Тоҷикистон дар канори пойтахт баргузор шуд.

Ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ супурда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 Русия барои азнавсозии аслиҳаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар кумаки техникӣ расонид.