Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 4,448 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки дар қиёс бо соли 2016 - 29,8% зиёдтар аст.
Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Муртазо Ҳайдарзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин миқдор 110 килояш героин, 1,211 тоннааш афюн, 2,384 тоннааш ҳашиш ва 742 килояш бангдона мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2017 кормандони Агентӣ фаъолияти 52 гурӯҳи ҷиноятпешаро ошкор ва қатъ карданд, ки 5-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ буданд.
«Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия гурӯҳӣ фаромилли ҷиноятпешаи бузург ошкор карда шуд, ки ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон машғул буд, - қайд кард ӯ. - Аз ҷумла роҳбари гурӯҳ Мусалмон Холов ва боз 8 нафар ҳаммаслакони ӯ боздошт шуданд, ки 6 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистн ва 2 нафар шаҳрвандони Русия мебошанд».
Ҳайдарзода ҳамчунин гуфт, соли 2018 аз афзоиши қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон интизорӣ меравад, зеро майдони кишти он дар ин кишвар зиёд шудааст.
Дар оташдони махсуси Агентӣ беш аз 341 кило маводи нашъаовар сӯзонида шуд, ки ин маводи мухаддир дар 28 парвандаи ҷиноӣ ба сифати далели шайъӣ истифода шуда, нисбати ин парвандаҳо ҳукм мавриди амал қарор гирифтааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста