Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли равон дар қаламрави кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ба туфайли маълумоти аз ҷониби ВКД Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ҳамтоҳои хориҷии худ, дар як қатор кишварҳо низ амалҳои террористӣ пешгирӣ шуд.
«Дар қаламрави Русия бо кумаки Тоҷикистон 5 амали террористӣ, Чин - 1, Ӯзбекистон - 2 Украина - 1 ва Қазоқистон - 1 амали террористӣ пешгирӣ шуд», - қайд кард вазир.
Раҳимзода зикр кард, ки тибқи маълумоти мавҷуда, соли гузашта дар қаламрави Ироқу Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангиданд ҳалок шуда, 117 нафар ихтиёрӣ аз ин кишварҳо ба ватан баргаштаанд.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 300 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнулмилалӣ эълон шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста