Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузаронида, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз ҷониби қочоқбарони афғон ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуд.
«Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд», - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин, маводи нашъадори “афюн” – 3 кг 500 гр, “ҳашиш” – 32 кг ва “ҳероин” – 10 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор оиди ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.