Дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритӯс таҳти унвони «Ҷайҳун 2018» бори нахуст машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, ҳадафи асосии баргузории тамринҳои муштарак таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон бо назардошти вазъ дар ин кишвар, ҳамчунин пешгирии таҳдидҳои беруна барои Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ҳамоҳанг сохтани амалҳои муштарак байни сарҳадбонони кишварҳо дар амал аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, ба ин машқҳо воҳидҳо ва захираҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Қушӯнҳои сарҳадии Ӯзбекистон, якчанд адад техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётӣ, қаиқҳои сарҳадии посбонӣ сафарбар шуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар вохӯрии фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамтои ӯзбеки худ Руслан Мирзоев дар Душанбе дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба байни мақмот, беҳбуди фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ, кори марзбонон оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, табодули маълумот, таҳкими мубориза бо таҳдидҳо муосир ва ғайра баррасӣ шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон байни мақомот Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста