Зинаҳои аввали рейтингро Ироқ, Афғонистон, Нигерия, Покистон ва Сомалӣ ишғол мекунанд, ки дар ин давлатҳо сатҳи таъсири терроризм хеле баланд аст.
Русия дар мақоми 34 ва Тоҷикистон дар зинаи 74-ум қарор гирифтаанд, оварда шудааст дар рейтинги нашршуда. Да ин рейтинг шумори талафот аз терроризм ва сатҳи таъсири он таҳлил шудааст.
Кишварҳои Шветсия (зинаи 51-ум), Япония (67), Италия (69), Тоҷикистон (74) ва Қазоқистон (75) ба гурӯҳи кишварҳои сатҳи паст ба таъсири терроризм шомил шудаанд, хабар медиҳад eadaily.com.
Дар Қирғизистон (мақоми 80-ум, Арманистон (83), Гурҷистон (89), Озарбойҷон (98), Латвия (107), Молдова ва Эстония (ҳарду зинаи 116) ва Ӯзбекистон (132) низ сатҳи таъсири терроризм паст дониста шудааст.
Ба давлатҳое чун Беларус, Литва ва Туркманистон (зинаи 138-ум) терроризм қариб ҳеҷ тасъсире намерасонад. Муаллифони феҳрист ҳамаи 26 кишвареро, ки ба ақидаашон, терроризм ба онҳо ҳеҷ гуна таъсире намерасонад, дар зинаи 138-уми рейтинг ҷой додаанд.
Рейтинги мазкур аз ҷониби гурӯҳи байнулмилалии коршиносон таҳти сарпарастии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace)-и Донишгоҳи Сидней (Австралия) таҳия шудаааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста