Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 11 апрел 36% иҷро шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дод.
Тавре ба Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод, ба санаи 11 апрел нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ барзиёд – 106% ба иҷро расидааст.
Ӯ қайд кард, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ҷавонон ихтиёрӣ барои ба хизмат рафтан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон – 32%, Суғд – 35%, ноҳияҳои тобеи марказ – 35%, шаҳри Душанбе – 36% ва дар саросари ҷумҳурӣ – 36% ба иҷро расидааст.
Комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад. Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Шараф Файзуллозода ва сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ Хушвахт Мироваров муовинони ӯ таъин шудаанд. Ба ҳайати комиссяи ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон шомиланд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста