Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд.
Бо назардошти обуҳавои номусоид дар кишвар ва боришоти шиддатнок раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода фармон ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он кормандони Кумита ин рӯзҳо доимо дар ҳолати омодабош қарор хоҳанд дошт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумита.
“Наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбии Кумита дар ҳама гуна ҳолатҳо омодаанд, ки ба ҷойи ҳодисаҳои офатҳои табиӣ сафарбар ва ба аҳолӣ кумак кунанд”, - гуфтанд дар Кумита.
Бино ба маълумоти Кумита, шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фавқулода ва нохуш бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 24 апрел дар Тоҷикистон боридани боронҳои шиддатноку жола ва раъду барқ дар назар аст. Рӯзи 25 апрел дар ноҳияҳои баландкӯҳ (1500 метр) борон ба барфи тар табдил меёбад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Душанбе, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Ваҳдат, Нуробод, Рашт, Сангвор, Дарвоз, Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Панҷакент, ағбаи Шаҳристон, Мастчоҳ, Истаравшан, Ёвон ва Рӯдакӣ боридани боронҳо шиддатнок ва омадани сел дар назар дошта шудааст.
Муддати ду рӯз дар Душанбе борони шиддатнок ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат 10-12 дараҷа поин ва ҳамагӣ 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин рӯзҳо риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми чунин офатҳои табиӣ тавсия медиҳад, ки муфассалтар бо онҳо дар сомонаи расмии Кумита шинос шуда метавонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста