Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Маъсуд Андаробӣ (Massoud Andarabi) аз торумор кардани нерӯҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар қаламрави кишвар хабар дод. Дар ин бора хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи Андаробӣ, гурӯҳҳои хурди ДОИШ ба нерӯҳои ҳукумат таслим шуда, террористоне, ки ба дигар минтақаҳо рафтанианд, дар ҷараёни амалиёти махсус маҳв карда мешаванд. Ба қавли ӯ, сокинони маҳаллӣ ба фаъолияти кадом як “шабакаи хориҷӣ” дар қаламравашон роҳ намедиҳанд.
Ин изҳороти роҳбари ВКД-и Афғонистон дар маросими таъини сардори нави Раёсати пулис дар вилояти шарқии Нангарҳор садо дод, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бори нахуст соли 2014 дар ин ҷо зуҳур карда, қароргоҳ барпо кард. Дар ин бора 1TV хабар медиҳад.
Бахши ДОИШ дар Афғонистон моҳи январи соли 2015 аз таъсисёбиаш хабар дода, дар иншооти ҳарбӣ ва мулкӣ якчанд амали террористӣ содир кард. Ахиран ВАО дар бораи заъиф шудани нерӯҳои ДОИШ дар Афғонистон мавод ба нашр мерасонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”, воқеъ дар 60 километрии шаҳри Душанбе, дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро бар дӯши ДОИШ вогузор кард.
Дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 15 нафар ҳамлагарон кушта ва 5 тан аз онҳо боздошт шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти махсус 6 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла, 1 корманди милитсия ва 5 нафар марзбонон ба ҳалокат расиданд.
Ҳарчанд дар Кобул ворид шудани ҷангиёни ДОИШ-ро ба Тоҷикистон аз Афғонистон рад карда бошанд ҳам, баъд аз замоне хомӯшӣ масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста